КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмонидадиҳиро бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 ва истифодабарии ҳар як ваҷаб замини зархез ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ дар деҳаи Механизатори 1 - и Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа доир карданд.
Зимни баргузории чорабинии мазкур ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои мазкур дастрас карда шуда, таъкид гардиданд, ки мо набояд ба ҳар гуна овозаву хабарҳои бардурӯғ бовар кунем, баръакс бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, тозагии маҳали зист бар зидди ҳамагуна бемориҳои сироятӣ мубориза бурда, худ ва дигаронро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ дорем. Инчунин, гуфта шуд, ки ҳар яки мо бояд маданияти баланди заминдориро риоя намуда, бо меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузорем.