БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС”

ВОКУНИШ. Дар сомонаи интернетии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаеро таҳти унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” мутолиа намудам. Мақолаи мазкур аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа равону содда, оммафаҳм ва ҷаззоб навишта шуда, ба масъалаи худшиносии миллӣ, мубориза бо коронавирус ва худбохтагии хоинони миллат, бахусус, ватанфурӯшони наҳзатӣ ва манфиатҷӯиҳои онҳо дар рӯзҳои паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистону ҷаҳон навишта шудааст. Муаллифон тамоми паҳлӯҳои мавзӯҳои интихобкардаашонро мӯшикофона таҳлилу баррасӣ намуда, онро хеле пухтаю муассир ба самъи хонандаи хеш расонидаанд.

     Дар аввал онҳо доир ба масъалаи тоҷику тоҷикият, ифтихори миллӣ ва манфиатҳои миллат сухан ронда, корнамоии табибони тоҷикро дар мубориза бо коронавирус бо ибораҳои қаҳрамони майдони нангу номус, ватандорӣ, қарзи инсонӣ васф кардаанд. Ҳатто “маънавиёти мардуми мо - тоҷикият”-ро нишон додан унвон кардаанд.

     Сипас, ба хоинони миллат, иғвогарони зархарид, аз ҷумла, ба аъзои гурӯҳи террористиву экстремистии ҳизби наҳзат бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ, аз қабили Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варкӣ, Муҳаммадиқбол ва дигарон муроҷиат карда, гуфтанд, ки аз рӯзҳои сангини ба сари давлату миллати тоҷикомада ба манфиати худ истифода бурда, давлату Ҳукумати Тоҷикистонро дар хориҷа беҳуда ба беамалӣ вобаста ба паҳншавии коронавирус гунаҳкор насозанд.

     Хоинони миллат аз вазъияти бамиёномада дар кишвар вобаста ба коронавирус ба манфиати худ истифода бурда истодаанд. Дар ин шабу рӯзе, ки тамоми башарият масъалаи солимиро дар мадди аввал гузоштааст, танҳо хоинони Ватан дар хориҷи кишвар пайи ғаразҳои сиёсии худ ҳастанд. Пас, ин ҷо савол ба миён меояд, ки оё онҳо тоҷиканд? Чеҳраи инсонӣ доранд? Ва ё ору номуси тоҷикӣ доранд?

     Онҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистонро ба оламиён ба хости дили худ муаррифӣ намоянд. Аммо мо-мардуми Тоҷикистон аз чунин муаррифӣ, ки номи давлатамонро мехоҳанд пасту обрӯи миллатро коста гардонанд, безорем!

     Шумо нуфузи Тоҷикистонро бо амалҳои худ паст мезанед! Бас кунед! Шумо фақат худро беобрӯ карда метавонед. Наход барои зар шуда, меҳани аҷдодиатонро, ки дар хоки поки он хуни нофатон рехтааст, фурӯшед?! Агар шумо ҳамватанону тоҷикистониёнро дӯст медоштед, ғамхори миллати тоҷик мебудед, ҳеҷ гоҳ дар рӯзҳои вазнини миллат шодӣ намекардед, дар рӯзи мотаму азодории як ҳамватан шодиву сурур намекардед ва вазъи кунунии Тоҷикистонро ба манфиати худу гурӯҳакатон истифода намебурдед!

     Агар Кабирӣ заррае ҳисси инсондӯстиву меҳру шафқат ба миллату давлат медошт, замоне ки вакили мардумӣ буд, беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро бо 10 гектар заминаш намефурӯхт ва имрӯз мо онро метавонистем, ки ба манфиати давлату миллат истифода барем.

     Дар ҷойи дигари мақола муаллифон иброз медоранд, ки “аз ҷониби дигар, мо-тоҷикон асосан мардуми бумӣ, соҳибмаърифат, дилсоф ва аз ҳамин лиҳоз андаке содда ҳам ҳастем. Душманон аз ҳамин хислати мо сӯиистифода мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки созмонҳои террористӣ онҳоро хуб истифода мебаранд, аз беморхонаҳо, шаҳру деҳот, аз мавзеи мусибат хабарҳо ба табъ мерасанд. Инҳоро баъзан шаҳрвандон аз рӯйи ҳамдардӣ, дилсӯзӣ ва гоҳо соддалавҳӣ менависанд, мегӯянд. Онҳо намедонанд, ки мақсади ин шабакаҳои террористӣ (Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон ва монанди инҳо) иғвоангезӣ аст. Сиёсӣ аст. Супоришӣ аст. Пулкоркунӣ аст.

     Ҳақ бар ҷониби муаллифони мақола аст. Ин гурӯҳак миёни мардум иғво ангехта, онҳоро ба таҳлука меандозанд. Ба онҳо муроҷиат карда, гуфтанием, ки бас кунед иғвоангезиро. То кай ба сари мардуми тоҷик бадбахтӣ овардан мехоҳед?! Мардуми тоҷик дигар ба кор, рафтор, амал, дилсӯзӣ, меҳрубонии шумо бовар надорад. Зеро дар ин рӯзҳои мушкил паҳлӯи миллат ва ғамшарики ҳамватани худ нестед.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg