БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФСАТАВУ МУБОЛИҒАИ КАБИРӢ АСОС НАДОРАД!

ВОКУНИШ. Як рўз пеш аз баромади пур аз сафсатаву муболиѓаи Кабирї дар шабакањои иљтимої хабари баргузор шудани баромади ин «шахси сиёсї» (ў худашро чунин меномад ва тўли беш аз як соати баромадаш такрори ба такрор инро таъкид менамуд) нашр шуд.

Аз баромадњои чанде пеш нашршудааш ќаблан медонистем, ки «дард»-и ин «мухолифи сиёсї» чист. Аз зиндон озод кардани њаммаслакону њамфикронаш! Вале сари њар суханаш дар радифи худ гузоштани калимаи «мардум» љолиб буд. Аз ин дида, дурўѓгўиву фитнаангезї зиёд намешавад. Аз кадом мардум сухан мегўяд? Аз њамон чор нафар љинояткорони рўбоњмиљози дар хориља паноњбурда? Кай ва дар куљо мардуми тољик ба Кабирии фирории ватангадо мурољиат карда буд? Пас, пешвотарош кист? Оне, ки бо мурољиати чанд нафар (пешакї тарњрезї шуданашон маълум аст)  аллакай худро «пешво» эњсос карда, ин ќадар пуркару фар сухан мекунад? Ё нафаре, ки тамоми мардуми тољик чї хурду чї бузург боэњтиром «Пешвои миллат» номаш мебаранд?

Аммо, воќеан чуноне ки борњо гуфтаанду мегўянд аз чунин рўзњои сахт истифода бурда, тањмил намудани андешањои пучу хомхаёлаш ба сари мардум кори дурусте нест. Борњо исбот шудааст, ки мањз дар чунин рўзњо халќу миллатњо бештар муттањидтару њамгиротар ва ба якдигар дилсўзу мењрубон мегарданд. Аммо фаќат нафарони пастфитрату камфаросат ќодиранд рўзи сиёњи мардумро ба манфиати худ истифода баранд. Њарчанд ин мавќеъ дар њаёти ин «мухолифи сиёсї» таљриба шуда буд. Оре, њамон солњои пурдањшати љанги бародаркуш!!! Солњое, ки ватан дар оташи љанг месўхту ўву њамсафонаш ба ќисмат кардани он мекўшиданд. Пай бурдан мушкил нест, ки Кабирї мехоњад ин њодисањоро дигаргуна маънидод намояд. Яъне, акнун ба гуфти ўи харобкор аламдидаву љафокашида ва нафаре, ки бешаку шубња ба бахти мардуми тољик сабабгори аслии ба сулњу вањдат расидани миллат гардид, ѓосиб будааст. Оре, ў сахт мехоњад љиноятњои ўву њамрадифонаш, аъзои њизби нањзати ислом фаромўш шавад, вале хотираи мардум ин ќадар заиф нест ва рўзњои сиёњи шумо овардаро хуб дар хотир дорад. Кабирї њанўз њам дастбардор нест, ки мардум фаромўш нахоњад кард. Таърих фаромўш нахоњад кард.

Мо мутмаинем, ки мўњтољи маслињату машваратњои нохалафоне чун Кабирї нестем ва гумон мекунам, ки дурўѓу бўњтон низ андоза дорад  ба шумо барин нохалафон лаб фурў бастан бењтару хубтар аст. Чунки аз дасти шумоён ва тамоми њаммаслаконатон љуз ќатлу куштор, бўњтону фиреб ва ѓасбу террор  чизи дигаре  намеояд.

Ватанзода С.В., раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg