Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин боздид аз заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишти хоҷагидорон ва тақсимоти варақаҳои тавсиявӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар деҳаи Кишти Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат масъулин бо Одинаев Муродалӣ сокини деҳа дар як навбат бо муҳити оилавӣ ва хоҷагидории номбурда ошноӣ пайдо намуда, ба ӯ баҳри беҳдошти ҳифзи саломатӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Дар рафти боздид маълум гардид, ки Одинаев Муродалӣ ба корҳои хоҷагидорӣ, бахусус обчакорӣ низ машғул аст. Аҳли хонавода низ ба корҳои хоҷагидорӣ шуғл варзида, баҳри беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ саъйу кӯшиш менамоянд.
Меҳнатдӯстӣ ва ба шуғли пурмасъул фаро гирифтани аъзои оила, худ як дарси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани ҳар яки онҳо мебошад, қайд намуд зимни суҳбат Муродалӣ Одинаев.