ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Солишинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки “Шаҳритуз”-и ноҳияи Шаҳритуз корҳои таблиғотиро ба роҳ монда, дар бораи бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии бемории сироятии коронавирус ва оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои киштшаванда андешаронӣ карданд. Инчунин, дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба ҳар як шахс ҳатмӣ буда, ин амал метавонад аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ одамро муҳофизат намояд.