ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шарофзода Ҳомидҷон дар якҷоягӣ бо раиси деҳаи Лолазор-3 Дуснаев Холиёр ва мудири бунгоҳи саломатии деҳа Қузиева Гулнора дар ташкилоти ибтидоии “Лолазор 3”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов бо усули “ хона ба хона” чорабинии ҳизбӣ доир гардида, масъулин барои риояи қоидаҳои санитарию гигиенаи шахсӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, инчунин оқилона ва самараноки истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ тавсияҳои муфид доданд.