ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ, аз ҷумла намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Муроталиев Ваҳоб ва Ҷурақулова Муҳаббат дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз бо усули “хона ба хона” корҳои безараргардонӣ нисбати беморони бақайдгирифташуда анҷом дода, ин оилаҳо мунтазам дар назорати сохторҳои соҳаи тандурустии ноҳия қарор доранд. Зимни баргузории корҳои безараргардонӣ таъкид карда шуд, ки гигиенаи шахсӣ, тозагии муҳити атроф ва истеъмоли ғизои солимро ҷиддан риоя намоянд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)