БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ВОСИТАИ АСОСИИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” оид ба самараноку оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо сокинони деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод чорабинии ҳизбӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ Бодомов Назрулло ва раиси ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи агентӣ ва шуғли аҳолӣ”  Бодомов Саидакобир иброз доштанд, ки мо бояд моҳи шарифи Рамазонро бо сабру таҳммул парҳезкорӣ ва дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар раво бинем.Дар ин моҳи муборак иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст.

Сипас, бо дастгирии  Бодомов Саидакобир ба 15 нафар кормандони Маркази саломатии деҳаи Дӯстӣ маводи ғизоӣ   кумак карда шуд.

Ҳамзамон,  аз ҷониби шахси саховатманд ва хайрхоҳ Кабутов Сафарбек ба чор оилаҳое, ки фарзандони ятим доранд, маводи моддӣ  кумак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg