ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Сартези Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Дар чорабинии ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Каримов Лоиқҷон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ба зироаткорию кишоварзӣ, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотиро оид ба масъалаҳои болозикр дастрас карданд.