ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Суҳбати сарироҳии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар Маҳаллаи №4 - и Ҷамоати шаҳраки Совет бо усули “хона ба хона” баргузор гардид.
Зимни суҳбат мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов Сорбон ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон роҷеъ ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ба корҳои хоҷагидорию зироаткорӣ ва кишоварзӣ, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карда, ба сокинон варақаҳои иттилоотиро дастрас карданд.