ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар Маҳаллаи №3 – и Ҷамоати шаҳраки Совет бо усули “хона ба хона” суҳбати сарироҳии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинии ҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов Сорбон ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон дар бораи пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ба корҳои хоҷагидорию зироаткорӣ ва кишоварзӣ, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонсуҳбат анҷом дода, ба сокинон маводҳои таблиғотиро дастрас карданд.