ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа, ки онҳо дар давраи ҳассоси зиндагӣ қарор доранд ва бахшида ба арафаи моҳи шарифи Рамазон бо дастгирии узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкори ватандӯст Азимов Руслан дар деҳаи Қарақамиши Ҷамоати деҳоти Қарақамиш ба оилаҳои ниёзманд маводҳои хӯрока ба миқдори 450 кг шакар ва 300 литр равғани растанӣ кумак расонид. Ташаббуси инсондӯстона аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуда, онҳо бо дуои нек миннатдории хешро ба шахси хайрхоҳу ҳимматбаланд баён доштанд.