ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳангоми гузаронидани корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, истифодаи пурсамари заминҳои кишоварзӣ бо усули “хона ба хона” дар замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Чавроқи Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Ғоибов Маҳмадулло парвариши растании сипанд мушоҳида гардид, ки боиси дастгирӣ ва пайравист. Айни ҳол талабот нисбати ин растании табобатӣ дар ин давраи душвор барои бартараф кардани бемории коронавирус хеле зиёд мебошад. Барои боз ҳам васеъ намудани кишти ин растании шифобахш ба Ғоибов Маҳмадулло аз ҷониби гурӯҳи корӣ маслиҳатҳои судманд дода шуд.