ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои басо мушкил, ки кишвари азизамонро бемории сироятии коронавирус COVID-19 таҳдид мекунад, кумакҳои хайрхоҳонаи фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар ин замина бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳасанова Нигора ба сокинони маҳаллаи “Қушунҳои сарҳадӣ” барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус Covid-19 145 дона ниқобҳои тиббӣ, 78 адад маҳлулҳои антисептикӣ ва 64 дона дастпӯшак кумак расонида шуд.