ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотиро миёни сокинон бо усули “хона ба хона” баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва истифодаи самараноки заминҳои кораму бекорхобида гузаронида, таъкид карданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ ва тозагии муҳити зист ягона роҳи наҷот аз бемории хатарноки коронавирус мебошад, аз ин хотир моро лозим аст, пайваста аз тавсияҳои табибон истифода барем то ин ки худ ва дигарон аз ин беморӣ наҷот бахшем.