ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои пешгирӣ бар зидди бемории сироятии коронавирус ҳамарӯза аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, тавассути усули “хона ба хона” маводҳои иттилоотӣ дастраси аҳолӣ карда мешавад.
Чунин иқдоми саривақтӣ дар деҳаи Даштободи Ҷамоати деҳоти Обшорон баргузор гардида, зиёда аз 500 адад маводҳои иттилоотӣ дастрасӣ аҳолӣ гардонида шуд.
Зимнан аз ҷониби гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ба сокинон оид ба истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигӣ маслиҳатҳо дода шуд.