БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб барои кулли сокинони маҳал манфиатоваранд

Н.ХУСРАВ. Бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   оид ба тарбияи  хештаншиносии  мардум,  баланд  бардоштани  ҳуввияти  миллӣ,  тарбияи  насли ҷавон бо  мақсади  модернизатсия  кардани  либосҳои  қадимаи   миллии занонаю  мардона ва  ба  талаботи  имрӯза  ҷавобгӯ  сохтани  он   пешгирӣ  аз майл ба  либоси  бегона,   тибқи  ҷадвали  тасдиқгардида  дар  ташкилоти  ибтидои   “Бахши  фарҳанг”  бо иштироки кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  вохӯрӣ   баргузор  гардид.

Вохӯриро  раиси  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии номбурда Б.Тешаева     кушода,   мақсади  вохӯриро  ба  ҷамъомадагон   фаҳмонид. 

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия  Сураё Алиева  оид  ба  ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон-ҳизби созандаю  бунёдкор суханронӣ намуд.  

Дар  рафти  вохӯрӣ масъулин ба  суолу  дархостҳои иштирокдорон  ҷавобҳои  қаноатбахшу  саҳеҳ гардониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg