ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Абубакри Ҷалолӣ дар якҷоягӣ бо сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия дар деҳаи Гулобод бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.
Зимни роҳандозии мулоқот аз рафти фарогирии хонандагон ба хондани китобҳои бадеӣ дар вақти таътил, омодасозӣ ба имтиҳонҳои хатми мактаб, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ оид ба пандемия суҳбат карда, аз иштирокдорон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ маслиҳатҳои судманд доданд.