БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОТИРҶАМЪӢ НИМИ САЛОМАТӢ ВА САБР САРШАВИИ ШИФО АСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз интиқоли бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои ба номи “Садриддин Айнӣ” ва “Нурулло Ҳувайдуллоев” фаъолияти худро идома доданд. Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ таъкид карда шуд, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон сироятёбии коронавирус ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале моро лозим аст, ки  барои пешгирии интиқол ва паҳншавии он чораҷӯӣ намоем. Пеш аз ҳама бояд ба воҳима наафтода, тарзи ҳёти солимро интихоб кунем, ба ахбори расмӣ, ки ҳаррӯз аз ҷониби воситаҳои ахбори омма паҳн карда мешавад, бовар карда, ба овозаву гуфтаҳо бовар накунем. Чунки табиби ҳозиқ Абуалӣ ибни Сино гуфтааст, ки “Воҳима худ ними беморӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо аст”.

Ҳамзамон ба сокинон зиёда аз 184 адад маводҳои таблиғотӣ дастрас  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg