КӮЛОБ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Варзиш новобаста аз синнусол.” Бо ташаббуси яке аз аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиши минтақа” Давлатов Зайниддин ҷиҳати муқовимат бо Каронавирус ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ба панҷ собиқадори соҳаи варзиш ба маблағи умумии 2500 сомонӣ ёрии пулӣ расонида шуд. Зимни анҷоми ин амали ҷавонмардона собиқадорон низ дар навбати худ миннатдории худро ба шахсони саховатпеша иброз намуданд.
Чунин иқдомҳои хайрхоҳона минбаъд низ аз тарафи аъзову ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб идома хоҳанд ёфт.