БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ ТАБИБОН АЗ ҶОНИБИ “ШАБАКАҲОИ БАРҚИ ШАҲРИ КӮЛОБ”

КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”. Давоми чанд моҳи охир дар тамоми ҷаҳон бемории Коронавирус васеъ паҳн гардида, сабаби фавти одамони зиёд гардидааст. Вобаста ба иҷрои барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ  аз 9.04.2020 таҳти №19  оиди корҳои ободонию созандагӣ ва ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигенӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоӣ ташкилоту муассисаҳо   корҳои фаҳмондадиҳиро  амалӣ  карда, инчунин, амалҳои хайриявиро амалӣ карда истодаанд.

Дар пайравӣ ба ин бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб” ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва иштироки намояндагони ВАО аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Раҳмат ба табибон барои наҷоти мардум” баргузор карда шуд. Масъулин  дар шафъати Беморхонаи марказии сироятии шаҳри Кӯлоб  ҷамъ омада, тавассути баландгӯяк самимияти хешро ба табибоне, ки қаҳрамонона ба ин вабои аср мубориза мебаранд ҳамоовозӣ намуданд.

Зимни баргузории ин аксия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Фирӯзи Саидмуъмин ҳозиринро ҳамроҳӣ намуда, минатдории маъмурияти Кумитаи иҷроияро ба табибоне, ки алайҳи бемории Коронавирус талоши доимӣ доранд расонид. Қайд карда шуд, ки табибон сарбозони миллатанд ва қаҳрамониҳои онҳоро дарробита ба мубориза бо Коронавирус  миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Дар идома  аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб” Комилзода Ҷалолиддин  ба 20 нафар  табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ ки шабонарӯз дар хидмати  мардуманд  кӯмакҳои пулӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg