ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ва оқилона истифодабарии ҳар қитъаи замини наздиҳавлгӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо усули “хона ба хона” дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, деҳаи Озодӣ-2 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Масъулин дар чорабинии ҳизбӣ оид ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ рӯёнидани ду-се маротиба ҳосили зироатҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ суҳбат намуда, иброз доштанд, ки мо бояд тозагиву қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддан риоя намоем.
Инчунин, дар рафти чорабинии мазкур дар охир ба сокинони деҳа варақаҳои иттилоотӣ ва 45 дона ниқоб барои пешгирии сироятии вирус тақсимот карда шуд.