ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар чорабинии ҳизбии бо усули “хона ба хона” ба 43 манзили истиқоматии сокинони маркази ноҳия оид ба пешгирии бемории коронавирус ташриф оварда, ба онҳо фаҳмониданд, ки ягона роҳи сироят наёфтан аз ин беморӣ қатъӣ риоя намудани дастурҳои додаи табибон мебошад. Иҷрои ин дастурҳо маблағ ва заҳмати зиёдеро талаб намекунад. Дар мубориза ба ин беморӣ мо вазифадорем, ки барои ҳифзи саломатии худ чунин талаботҳои оддӣ: шустани дастон бо собун, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, бе ягон зарурат ба ҷойҳои серодам нарафтан, ҳангоми бемор шудан сари вақт ба духтур муроҷиат кардан ва дигарҳоро риоя намоем.
Ба падару модарон таъкид намуданд, ки дар ин рӯзҳое, ки фарзандонашон ба муассисаҳои таълимӣ намераванд, ба беҳудагардии онҳо роҳ надиҳанд . Онҳоро ба хондани китобҳо ва дигар корҳои судманд ҷалб намоянд.