БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИД АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  чун ҳамарӯза  ҳам  дар гурӯҳи алоҳида аз ҳолати истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор  Мирзо  дидан намуданд.  Дар бештар аз 45 манзиле, ки кормандони Кумитаи иҷроия ба заминистифодабарандагон суҳбат доштанд,  ба мушоҳида расид, ки  ҳамагон дастаҷамъона бо аҳли оила имрӯзҳо дар пайи кишту кори сабзавот, картошка, пиёз ва дигар маводи ғизоианд. Имсол бо сабаби боридани боронҳои пай дар пай кишту кори сабзавот дар ноҳия хеле тӯл кашид.  Ба ин нигоҳ накарда, мардум бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ ба кишт ва  коркарди заминҳои сабзавоти барвақтӣ машғуланд. Боиси қаноатмандист, ки мардуми диёр аз ҳарсола дида имсол  бештар картошка, пиёзи сурх, лӯбёгиҳо ва дигар сабзавотро кишту парвариш намуда истодаанд. Дар идомаи суҳбат масъулин ба сокинон дастур доданд, ки барои тоза намудани майдонҳои ғаллазор аз алафҳои бегона низ камари ҳиммат банданд. Зеро бе тоза намудани заминҳои ғаллазор аз алафҳои бегона, бе додани ғизои иловагӣ рӯёнидани ҳосили дилхоҳ номумкин аст. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg