БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶИДДӢ НАГИРИФТАНИ КОРОНАВИРУС ХАТАРНОК АСТ

АНДЕША. Баъди ба таври васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг аз тариқи радио ва телевизион  мебояд, ки ҳамагон он талаботҳоеро, ки табибон барои сироят наёфтан аз ин беморӣ тавсия медиҳанд, бе чуну чаро иҷро намоянд. Вале боз ба одамоне дучор мешавӣ, ки гӯё онҳо аз чизе хабар надоранд ва хатаре ба онҳо таҳдид намекарда бошад.

Вақти ба кор рафтан дар роҳ ба як нафар сокини деҳаи Шехмизон вохӯрдам, ки бе ниқоби муҳофизатӣ дар кӯча гаштугузор менамуд. Ба  ӯ таъкидан гуфтам, ки ин рафтори бепарвоёнааш бар зарари ӯ ва аҳли оилаи ӯст.

 “Аз аҷал гурехта намешавад”, - гуфт ӯ.  Дар ҷавобаш муносибан гуфтам: “мурдани кампир ба хайру аҷал омӯхта нашавад”, - гуфтаанд.

Шояд мардум баъди дидани талафотҳои ҷонии коронавирус ба худ омада, ин бемориро ҷиддӣ гиранд ва талаботҳои гигиенаи шахсиро қатъӣ риоя намоянд, баъди гирифтор шудан ба ин беморӣ сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд.

Кормандони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар ин рӯзҳои барои мардуми ноҳия душвор масъулияти бадӯшдоштаи худро боз ҳам бештар ҳис намуда, бо роҳи “хона ба хона” ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, паҳн намудани варақаҳои иттилоотӣ, дастрасии мардум гардондани маводҳои  антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва дигар кумакҳои хайриявӣ ба онҳо дар пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории хавфнок ёрӣ мерасонанд.

Саидҷалол Сатторов, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg