ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чорабиниҳои тавсиявиро бо мақсади пешгирӣ аз бемории Covid- 19 дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо усули “ хона ба хона ” гузарониданд.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ноҳия Бодомов Назрулло оид ба риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ба сокинон таъкид карда, ҳамзамон варақаҳои иттилоотиро оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас кард. Ҳангоми мулоқот бо сокинон оқилонаву самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ суҳбат гузаронида шуда, ба маъюбон ва пиронсолони деҳаи Гулистон маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ ба таври ройгон дастрас гардид.