ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории COVID - 19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди кӯчаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор гардиш доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо зиёда аз 100 нафар сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, маводҳои безараргардонӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро дастрас карданд.