ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстона ва ватанапарастонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давраи ҳассос хуруҷи бемории сироятии коронавирус узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори муваффақ Азимов Руслан тасмим гирифт, ки дар доираи Аксяи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” барои саҳм гузоштан дар сатҳи неқӯаҳволии мардум кумакҳои худро дареғ надорад. Азимов Руслан аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш ба истиқоматкунандагони деҳаи Чавроқи Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик маводҳои хӯрока ба миқдори 500 килограмм шакар ва 320 литр равғани растанӣ кӯмак расонид. Иқдоми наҷиби Азимов Русланро сокинони ниёзманди ҷомеа шоистаи таҳсин хонда, дар ин моҳи мубораки Рамазон дар ҳаққи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ин марди хайрхоҳ дуои нек карданд.