БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  усули  “хона  ба  хона”  дар   маҳаллаи №5–и  Ҷамоати шаҳраки  Совет мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   баргузор гардид.

Нахуст,  мудири  шуъбаи  кор бо ҷавонон  ва  занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  Абдулманонов  Сорбон  ва   мудири  шуъбаи  таблиғот,  иттилоот  ва  матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   Каримов  Лоиқҷон дар чорабинии ҳизбӣ оид ба  пешгирии бемории сироятии коронавирус,  ҷалби  сокинон  ҷиҳати  зироаткорӣ,  кишоварзӣ  дар  ҳар  ваҷаб замин,  инчунин вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро ба риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ, саҳм гузоштанд дар кишту кори баҳорӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ намуданд.

Дар анҷоми суҳбат ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ вобаста  ба  пешгирии  бемории  сироятии  коронавирус  (COVID – 19)  ва  истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ дастрас карда шуд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg