БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲАМА ЯКҶО ШУДА, БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС (COVID-19) МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

АНДЕША.  Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон бемории  коронавирус (COVID-19) хуруҷ карда, то андозае ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Ин беморӣ дар кишвари мо-Тоҷикистон низ арзи вуҷуд намудааст ва мо набояд ба таҳлука афтем. Имрӯзҳо ки вазъияти ҷаҳони муосир  бо сабаби хеле зиёд паҳн гардидани бемории коронавируси covid-19-и нав муташанниҷ гардидааст, он бешубҳа, ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёти  саросари олам  таъсири манфӣ мерасонад. Ашхосе, ки ба ҷои дар ҳамин рӯзҳои мудҳиш кори хайреро ба ҷо орад,  иғво, туҳмату найранг, ҳиллаҳои  ғаразноку буҳтонҳои беасосро  тавассути расонаҳои интернетию  иттилоотӣ  паҳн менамоянд ва дар байни мардум ҳангомаҳои дурӯғинро    пахш мекунанд.  Дар ин росто мо бояд ба таҳлука наафтида, мавқеи худро устувор нигоҳ дошта, бар зидди ин бемории сироятӣ муборизаи беамон  барем. Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд.  “Фаромӯш набояд кард, ки агар  мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус  бештар хоҳад шуд”. Боварии комил дорам, ки ҳар як шаҳрванд гигиенаи шахсии худро қатъиян риоя карда, ба  бемории сироятии коронавирус муқовимат нишон медиҳад. Яъне, дар як рӯз якчанд маротиба дастонро бо собун шустан, ё ин ки бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонидан, аз ниқобҳои тиббӣ истифода бурдан, аз иштирок дар ҷойҳои серодам, ё ин ки аз чорабиниҳои калон худдорӣ намудан  ва ба монанди инҳо аз амалҳои судманди пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ мансуб меёбад.

Масъалаи дигаре, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҷиддӣ доданд, ин самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ  аст.  Мардуми мо бояд як масъаларо хуб дарк намоянд, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ, яъне кишоварзӣ аст ва фаровонии маҳсулоти ғизоӣ ва дастурхони пури ҳар як оила аз заҳмати шабонарӯзии ҳар сокини мамлакат, бахусус кишоварзон вобастагӣ дорад. Мо-шаҳрвандони ҷумҳурӣ набояд як ваҷаб замини зархезамонро бекор гузорем. Тавре маълум аст, бемории коронавирус аксарияти давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, аз ҳамин сабаб сарҳадҳо баста шудаанд, яъне  воридоту содироти  баъзе маводҳои ғизоӣ муваққатан аз хориҷи кишвар манъ карда шудаанд. Мо метавонем дар як сол аз заминҳо то 3 -  4 ҳосилро ғундошта, дар масъалаи таъмини амнияти  озуқавории мамлакат  саҳми арзандаи худро гузорем.

Сайдамир Ғафуров, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg