ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба сабабҳо ва роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистон бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, нисбати ин вируси хатарнок ба сокинон тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.
Масъулин дар мулоқоту вохӯриҳо иброз доштанд, ки барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ мардум бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшонидашуда нӯшида, ба қоидаҳои беҳдоштӣ, махсусан бо собун шустани дастон эътибори махсус диҳанд. Ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ дар худ ҳатман ба табибон муроҷиат карда, ба худмуолиҷакунӣ роҳ надиҳанд.
Дар охир ба сокинон 100 дона ниқобҳои муҳофизаткунанда ва зиёда аз 200 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.