КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси COVID-19, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби сокинон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, самаранок истифода бурдани замин дар ташкилоти ибтидоии заводи “Заргари Тоҷиддин” гузаронида шуда, масъулин дар вохӯрӣ корҳои таблиғотӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти варақаҳои тарғиботиро оид ба масъалаҳои дар боло баёнгардида ба роҳ монданд.