КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тақвияти тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ риояи талаботи беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои бемориҳои сироятӣ масъалаи муҳими замони имрӯза ба ҳисоб рафта, ҳар яки моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ба тозагӣ ва гигиенаи шахсии худу аҳли оилаамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.
Ба ин хотир, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Сабзавот” оид ба масъалаҳои дарболозикршуда ва оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини зархез вохӯрӣ гузаронид.
Дар чорабинии мазкур аъзои ташкилоти зикршуда пурра аз ҳолатҳои бемории сироятӣ огоҳ карда шуда, онҳоро барои риояи гигиенаи шахсӣ, мубориза бар зидди бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин раҳнамоӣ карда шуданд.