КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд». Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд ва маъюб аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иқдомҳои хайриявӣ анҷом дода шуда истодаанд.
Яке аз узви фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб раиси ташкилоти ибтидоии “Таваллудхонаи шаҳрӣ” Бобохонова Шаҳло бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҷиҳати дастгирии шахсони эҳтиёҷманд ба 4 нафар кормандони ин коргоҳ, ки эҳтиёҷ ба дастгирӣ доштанд, кумаки яквақтаинаи моддӣ намуд. Чунин иқдом минбаъд ҳам идома ёфта, ба шахсони бемору ниёзманд кумак расонида мешавад.