БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН НИЗ ТАШАББУСКОРАНД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ аз ҳавзаи интихоботии №3-и деҳаҳои  Гулобод ва Шаҳдрез Абубакри Ҷалолӣ, хоҷагидорон  Раҳматуллоев Маҳмадулло ва Давлатов Субҳон баҳри  ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани қитъаҳои замини поёни деҳаи Шаҳдрез, ки  20  сол боз аз ҳосилнокӣ монда буданд, зиёда аз 2000 метр заҳбур ба воситаи техникаи экскаватори калонҳаҷм канда, тоза  карда шуд. Ин иқдоми наҷиб  дар оянда барои кишти зироатҳои  кишоварзӣ ба сокинон  кумак карда, онҳо метавонанд дар заминҳои худ баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳ бе ягон мушкилӣ  меҳнати софдилона намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg