БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КАСЕ НЕК МЕКУНАД, НЕКӢ БИФАРМОЯШ ХУДО...

АНДЕША. Имрӯзҳо дасти кумак дароз кардан ба   қишри осебпазири ҷомеа аз тарафи соҳибкорону ашхоси ҳимматбаланд  ва дигар шахсони саховатпеша  ба анъанаи неки инсонӣ табдил ёфтаву ба назар  мерасад, ки бисёр боиси хурсандӣ ва таҳсин аст. Ин рафтори саховатмандона аҳамияти маънавию ахлоқӣ дошта,  дар байни ҷомеа меҳру  муҳаббатро нисбати якдигар зиёд гардонида, то як андоза ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунад. Шахсе, ки  ҳисси баланди ватандӯстӣ дорад, метавонад амали некеро анҷом диҳад  ва дар рушду нумуи  давлати азизамон саҳмгузор бошад. Зеро дар ин вазъияти мураккабу ниҳоят ҳассосу  ноороми   ҷомеаи ҷаҳонӣ  мушкилотҳои нав ба нав  пайдо гардида истодаанд, аз қабили   бемории сироятии коронавируси навъи COVID -19, ки  тамоми  сайёраро фаро гирифтаву ба  иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфии  худро расонида истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, наметавонад аз ин ҳодисаҳои ба вуҷудомада  дар канор бошад. Аз ин рӯ, дастгирии қишри осебпазиру хайрталаби ҷомеа, аз қабили маъюбон, ятимону бепарасторон, оилаҳои бекасу танҳо, беморон ва алалхусус  табибоне,  ки баҳри табобати беморони коронавирус бо марг даст ба гиребонанд, саривақтӣ  ва қобили таҳсину офарин  аст. Ҳамзамон  моҳи мубораки Рамазон моро ҳамроҳӣ дорад, ки дар ин моҳи муборак хайр кардан яке аз амалҳои неки инсонӣ ба ҳисоб рафта, аҷру савоби ниҳоят калон дорад. Чуноне ки мефармоянд: «Беҳтарин садақа, садақаи Рамазон аст» (Тирмизӣ), пас ҳар нафар бояд  мувофиқи қудраташ кӯшиш намояд, ки ин амалро ба ҷо орад ва ба ин васила ҳам савоб ба даст  ораду ҳам дар ҳалли мушкилоти ҷомеа саҳмгузор гардад. Зеро  моро танҳо муттаҳидӣ ва дастгириву ғамхорӣ нисбати якдигар ба мурод мерасонаду ба ҳама  мушкилиҳои ҷойдошта ғолиб мегардонад. Инчунин, набояд мо аз баъзе камбудиҳои мавҷуда  биҳаросем,  баръакс мо бояд бо заҳмату меҳнати шабонарӯзӣ барои  худу  наздиконамон шароити хуби зиндагиро фароҳам оварем.

Худойдод Ёров,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                                

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg