БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТ БА САЛОМАТИИ ИНСОН ФОИДА ДОРАД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳори миллӣ. Баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус ҳамарӯза миёни сокинон бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида,  ба ҳар яки онҳо варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда мешавад. Мақсади  расонидани чунин варақаҳои иттилоотӣ ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ  ба хотири он аст, ки  сатҳи огоҳии мардум зиёд гардида, тарсу  ваҳмро канора гузошта, ба зиндагӣ хушбин ва тарғибгари  тарзи  ҳаёти солим  бошанд.

Дарвоқеъ имрӯз ин вабои аср ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳолати ногувор қарор дода, ба иқтисодиёти аксар давлатҳо таъсири манфии худро расонидааст. Аз ин рӯ, бо мақсади  баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум ва таъмини аҳолӣ бо маводҳои дохилӣ бояд ҳар як сокини мамлакат дар ин давраи ҳассос бо дарки масъулияти  баланд меҳнати софдилона намуда, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар таъмини бозорҳо ва баланд бардоштани шароити зиндагии хеш ҳиссагузор бошад.

Зимни суҳбату вохӯриҳо ба сокинон аз ҷониби кормандони ҳизби ноҳия таъкид карда мешавад, ки  ба таҳлука наафтида, дар ин шабу рӯз якдилона меҳнат карда, шароити зиндагии хешро беҳтару хубтар гардонанд, ба ин васила дар баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат низ нақши беназир гузоранд.

Бояд гуфт, ки меҳнат ба  инсон нерую тавоноии дигар бахшида, организмро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ  эмин нигаҳ медорад. Чунки организми инсон дар ҳолати меҳнат намудан пайваста дар ҳолати корӣ қарор дошта, он аз ҳар гуна фикрронии  беасос ва гумонҳои бемавриди сироятёбӣ ба бемории коронавирус нигоҳ медорад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg