БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ЧОРА ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ АСТ

Дар маҳаллаи Сохтмони ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ниқоб” баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ Саидшоҳ Асроров мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, волонтёрони назди кумитаи иҷроияи вилоятӣ, раис ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи Сохтмон” ишштирок доштанд. Зимни чорабинӣ беш аз 50 ниқобҳои муҳофизатӣ ва зиёда аз 100 адад маводи иттилоотӣ дастраси сокинони маҳал гардонида шуд. Бо истифода аз фурсати қулай мутасаддиёни кумитаи  иҷроия ба иштирокдорон риояи қоидаҳои пешгирикунандаи сирояти ин бемориро фаҳмониданд. Аз ҷумла таъкид доштанд, ки барои саломатии худу атрофиён ҳар яки мо масъулем ва бояд бепарво набошем. Ба тозагии манзили зист аҳамияти ҷиддӣ дода, нисбати тарбияи фарзандон дар ин шароит масъулияти бештар зоҳир кунем. Беҳтарин чора дар ин вазъият пешгирии бемории сироятӣ аст. Таъкид доштанд, ки бояд ба тарсу таҳлука роҳ надиҳем. Табиби машҳури тоҷик Абӯалӣ ибни Сино низ тарсу таҳлукаро ними беморӣ донистааст.

Сокинон ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои чунин ташаббуси муфиду саривақтӣ изҳори сипос карданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg