БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЙ, ХОИНОН, ДОНЕД, КИ ИН ҲАРЗАГӮИҲОИ ШУМО ДИГАР БА ХАЛҚИ ТОҶИК АСАР НАМЕКУНАД!!!

ВОКУНИШ. Мусаллам аст, ки афзоиши бемории коронавирус имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ҳайратзада кардааст ва аксари кулли давлатҳои сайёра ягона роҳи ҳалли масъаларо дар эҳтиёткорию риояи қатъии беҳдошти шахсӣ медонанд. Тавре таҳлилҳо собит месозанд, то имрӯз барои табобати ин беморӣ дар дунё аз тарзу усулҳои гуногун истифода мебаранд. Баъзе аз коршиносону мутахассисон  вобаста ба таъсири беморӣ роҳҳои гуногуни истифодаи дорувориро тавсия диҳанд, қисми дигар бо назардошти таъсир нарасондан ба пастшавии иммунитети бадан истифодаи дорувории моеъро қатъиян инкор месозанд. Онҳо чунин хулоса медиҳанд, ки истифодаи доруворӣ дар муддати муайяни вақт иммунитети баданро паст карда, барои афзоиши беморӣ мусоидат месозад ва бе зарурат харидорию истифодаи намудҳои гуногуни дорувории зиддивирусӣ на ин ки ба саломатӣ зарар меорад, балки барои афзоиши дигар бемориҳои сироятӣ  таъсиргузор хоҳад буд. Натиҷаи ҳамин зудбоварию беаҳамиятӣ буд, ки анбӯҳи мардум яку якбора аз дорухонаҳо хариди аз андоза берунро ба роҳ монданд ва ин омил боиси камчинии маводи доруворӣ дар нуқтаҳои фурӯши дорувории кишвар гардид. Ва ҳатто бозори ҳаннотони фурӯши маводи доруворӣ дар кишвар то чанде гарм шуд ва мо ҳамагон рафтори бархе аз онҳоро дар шабакаҳои давлатӣ ба таври ошкоро тамошо кардем.

Дар баробари ин, гурӯҳҳои бадхоҳи давлат аз хориҷа ҳамлаи иттилоотиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ сохта, бори дигар содиқ набудан ба давлату миллат ва мақсадҳои нопокашонро ба таври ошкоро манзури тамоми мардуми Тоҷикистон гардониданд. Онҳо дар либоси «дӯст» барои тарсу таҳлукаро дар миёни мардум  ҷойгузин кардан бо хабарҳои бардурӯғу иғвоангез тадбирҳои роҳандозишударо дар мавриди пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус  камранг нишон додан мехостанд. Дар сурате, ки тамоми имкониятҳои мавҷуда дар масъалаи пешгирӣ ва паҳншавии ин вабои аср дар кишвар роҳандозӣ ва сохторҳои тандурустӣ барои қабули беморон омодаи хизматанд, вале аз назари мухолифони давлат ҳамаи ин маҷмӯи  чорабиниҳои давлатӣ нодида гирифта мешавад, ки чунин баҳогузорӣ аз ақлу фаросати инсонӣ фарсахҳо дур аст. Дар урфият мегӯянд, ки дӯст ҳамон касест, ки дар рӯзҳои сахту тангдастӣ  ӯро дар барат эҳсос мекунӣ! Амалкарди хоинони давлат ва миллат, ки давлатҳои аврупоиро ҳамчун занбурӯѓҳои баъди ҳавои боронӣ минтақаи будубош кардаанд, бори дигар собит месозад, ки ин тоифа нисбати бузургтарин вожаи муқаддас  Ватан-Модар эҳтиром надоранд ва миллату давлат барои онҳо истилоҳи бегона аст. Аз ҳар як мушкилоти ҷузъӣ, ки хоси тамоми ҷомеаи башарист, ҳангомаю валвала сохтану онро ба  хости дили худ тобиш додан  кори ҳаррӯзаи ин гурӯҳҳои асолатбохта гардидааст, ки ба чашми бинандаи закӣ бешак намудор аст.

Воқеан, табибон имрӯз барои сиҳатии омма тамоми кӯшишу ғайрати худро дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ менамоянд ва мо аз хизмати содиқонаи онҳо дар ин масир изҳори миннатдорӣ менамоем. Бинобар ин, имрӯз истифодаи ақли солим ва назари солим ба ояндаи ҷомеа аз роҳи эҳтиёткорӣ ба саломатии худу хонавода ва дар маҷмуъ аҳли ҷомеа моро аз вартаи ворастан аз ин бемории аср, ки тамоми аҳли башар ба муқобили он муборизаи дастаҷамъонаро роҳандозӣ сохтааст, ба мақсад мерасонад. Мо бояд, пеш аз ҳама тарсу таҳлукаро як сӯй гузорем ва барои сиҳатии омма бо тавсияи мутахассисон амал кунем ва ба овозаю васвасаҳои шайтонии гурӯҳҳои манфиатхоҳу қудратталаб дода нашавем. Зеро бузургии мо дар муттаҳидии мост!

Икромова Ҷамила, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, узви  гурӯҳи вакилӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg