ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Лолазор 1-“ Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси деҳаи мазкур Сафолов Раҳмиддин чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирии бемории коронавирус, беҳтару хубтар ба роҳ мондани ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи заминҳои корам баргузор гардида, мавсуф дар чорабинӣ ба сокинон таъкид намуд, ки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Аз ин хотир мо бояд ба риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии маҳали зист ҷиддӣ муносибат кунем ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ дар худ фавран ба духтурони минтақавӣ муроҷиат намоянд. Дар охир ба ҳар як истиқоматкунандаи деҳа варақаҳои иттилоотӣ оид ба бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуд.