БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БО «COVID-19» ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯКИ МОСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории коронавируси навъи (COVID-19) бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстии деҳаи дурдасти Ҳофизи Шерозӣ бо усули “ хона ба хона ” гузаронида шуд. Инчунин, дар рафти чорабинии мазкур ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳо аз ҷониби масъулин дастрас гардид.

Масъулин зимни мулоқот бо сокинон иброз доштанд, ки имрӯз коронавирус ё худ “COVID-19» ва пандемия боиси марги инсонҳо гашта, назди нерумандтарин давлатҳои ҷаҳонӣ мушкилиҳоро ба бор овардааст. Иқтисоди ҷаҳон ба коҳиш рафта, дар  муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ низ монеаҳои ҷиддӣ пайдо шудааст. Бояд қайд намуд, ки ин вируси саркаш сарҳадҳо ва миллатҳоро убур карда, қариб тамоми дунёро фаро гирифтааст.

Пас дар ин давра муҳим он аст, ки мо бояд вазъиятро хирадмандона дарку таҳлил намуда, рафтору пиндору амалкардҳои худро вобаста ба ҳолату вазъияти пешорӯ роҳандозӣ намоем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg