БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ САРҲАД ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ДАВЛАТ АСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади  пешгирии  хатару оқибатҳои  бемории  коронавирус гурӯҳи   кории  Кумитаи  иҷроии ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ба  қисми  ҳарбии  дидбонгоҳи  сарҳадии  Сангоба 9, ки  дар  ҳудуди  ноҳия   воқеъ  мебошад,  бо  сарбозону  афсарон  корҳои фаҳмондадиҳӣ  баргузор  намуда,   оид ба  пешгирии  сироятёбӣ ба ин беморӣ  ва  роҳҳои пешгирӣ  аз  сироятёбӣ  ба  ин  вирусро ба  онҳо  фаҳмонида,  қайд намуданд, ки  саломатии  мо  дар  дасти  ҳар  яки  мост. Ҳар  як  нафар пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдоштӣ, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, мунтазам  шустани  дастон бо  собун, риояи  гигиенаи шахсӣ, тартиби  риояи  масофаро  дар  ҷойҳои  ҷамъиятӣ бояд  ҳатман  риоя  намояд. Фаромӯш  накунем, ки   ҳифзи  сарҳад таъмини  бехатарии давлат  мебошад, ки  он  ба  зиммаи  шумо  фарзандони  Ватан  имрӯзҳо гузошта  шудааст. Ҳар  яки  мо  бояд  дар  андешаи  сиҳатии худ ва  таъмини  субот  бошем, донем, ки саломатии  мо  дар  дасти  худи  мост.

Аз  ҷониби  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  ба  афсарону  сарбозони  қисми  низомӣ   100  дона  ниқоб,  маводҳои  антисептикӣ,  12  литр маводҳои шустушӯи  ва  50 адад  варақаҳои  иттилоотӣ дастрас   карда  шуд.   Ҳамчунин  биноҳо  ва  роҳу   ҳавлии  дидбонгоҳ  аз  ҷониби  мутахассисони соҳа  безарар гардонида  шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg