БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШОДИИ ДУШМАН БА МУШКИЛОТИ ДӮСТ ШОДИИ КӮТОҲ АСТ!

ВОКУНИШ. Кори бад, нияти бад, дуои бад дар ҳаққи одамони инсондӯст, инсонпарвар, ғамхор, ватандӯсту ватанпарвар бар ҳадаф ҳеҷ гоҳ нахоҳад расид. Бо эълон гардидани бемории COVID-19 дар Тоҷикистон хурсандӣ ва шодии душманони миллати тоҷик, намояндагони мухолифини Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи ватанфурӯш, имонфурӯш ва хоин Муҳиддин Кабирӣ поён надорад. Зимни баромадҳои худ тариқи каналу барномаҳояшон чунон бо як хурсандӣ баромад мекунанд, ки баръало шодию нишоташон эҳсос мегардад. Бо баромадҳои худ аз ин беморӣ дар ҳаққи Пешвои тоҷикон чӣ суханҳои носазо гуфта ва туҳмату буҳтон мезананд. Эй бадхоҳони миллат, агар шумо ғамхори ин миллат мебудед, чаро ин қадар шодӣ мекунед? Чаро дарди мардумро бо хурсандию нишот муҳокима мекунед? Чунки шумо душмани миллату халқи тоҷик ҳастед. Ин носипосӣ ва хиёнат ба ин давлату миллат сабаб гаштааст, ки ба сазои Худованд гирифтор шудеду дур аз Ватанед.

Баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро муҳокима карда, онро гоҳ бемору, гоҳ бепарво, ҷойи дигар ноаён мегӯянд. Ӯ мисли шумо аз дарди миллат шодӣ намекунад. Дилаш ба халқу миллаташ месӯзад, дилаш барои мардумаш дард мекунад. Мардум хеҷ гоҳ ба гапҳои шумо дода намешаванд, чунки медонанд танҳо ғамхори онҳо Пешвоямон ҳаст. Ва тӯли 29 сол аст зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии арзанда, тинҷу осуда доранд. Заҳматҳои кашидаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро халқ ҳеҷ гоҳ фаромӯш наменамояд.  Чунки ӯ ҷон дар кафи даст гирифта, бо ҷонбозиҳои зиёд зиндагии арзандаро ба мардумаш бахшидааст. Ҷавонии худро сарфи хизмати халқаш кардааст ва карда истодааст.

Раҳмон Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg