ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Коронавирус беморие мебошад, ки кулли сайёраи заминро ба ҷунбиш дароварда, дар як муддати кӯтоҳ тавонистааст, ки дар 190 кишвар хуруҷ кунад. Яке аз сабаби паҳншавии ин беморӣ ҷиддӣ нагирифтани он буд, ки имрӯз хуруҷи ин бемории марговар тавонист иқтисоди ҷаҳонро низ зери таъсир қарор диҳад.
Яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз бемории коронавирус асосан ин риояи талаботҳои санитарию гигиенаи шахсӣ байни мардум мебошад.
Асосан нишонаҳои ин бемории коронавирус ҳарорати баланд, сулфаи хушк, беҳолӣ ва дар баъзе беморон маҳкамшавии бинӣ, равиши оби бинӣ дида мешавад. Ба ҳамагон маълум аст нишонаҳои ин беморӣ ба монанди зуком ва дигар бемориҳои вирусӣ оҳиста – оҳиста пайдо шуда,ба ҷараёни суст мегузарад. Бемории коронавирус ин бемории хавфноке мебошад, ки тавасути ҳавоӣ – қатрагӣ, тамосӣ даҳонӣ ва қатрачаҳои хурд, ки аз бинӣ, оби даҳон ҷудо шуда, дар ҳолати сулфа ё атса задан аз шахсӣ сироятёфта ба шахсӣ солим интиқол меёбад. Моро мебояд, ки аввалиндараҷа ба қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ диққати махсус дода, ҳангоми истифодаи маҳсулоти хӯрокворӣ ба тозагӣ, поккорӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем.