ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар якҷоягӣ бо ихтиёриёни назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо мақсади то кадом андоза риоя гардидани қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд, аз ҷумла дар бозори колхозии ноҳия санҷиш гузарониданд. Санҷиш нишон дод, ки ҳоло ҳам одамон бе ягон зарурат дар чунин ҷойҳое, ки манбаи сироят шуданаш мумкин аст, гашту гузор менамоянд.
Масъулин ҳангоми суҳбат ба ин ашхос фаҳмониданд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро қатъиян риоя намоянд, ҳаёти худ ва аҳли оилаашонро зери хатар нагузоранд. Бе зарурат ба чунин ҷойҳои серодам, ки манбаи сироят шуданаш мумкин аст, гаштугузор накунанд. Ба онҳо фаҳмониданд, ки дар хона нишастан як роҳи аз ҳама асосии пешгирии беморӣ аз сироятёбӣ мебошад.