ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо усули “хона ба хона” ба сокинони манзили истиқоматии бошандагони маркази ноҳия ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ба онҳо дар баробари доир намудани суҳбат дар як вақт варақаҳои иттилоотӣ, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас намуданд. Баргузории чунин суҳбатҳо нишон дод, ки он аз дигар усулҳои фаҳмондадиҳӣ натиҷабахштар аст. Зеро ҳангоми суҳбат бо сокинон гигиенаи шахсӣ ба таври амалӣ нишон дода мешавад.