БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН НИЗ ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС САҲМ ДОРАНД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Темурмалик  дар  ҳамкорӣ  бо  вакили  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия  Насимзода  Ҳотам  Ҳабибулло  ба  Маркази  саломатии  деҳаи  Дӯстии  Ҷамоати  деҳоти  Қарақамиш  5  адад  либосҳои  махсуси  ҳимоявӣ  ва  вакили  Маҷлиси  вакилони  ҷамоати  Қарақамиш  ба  Беморхонаи  Кангурт  як  адад  асбоби  дорупошӣ б таври ройгон  тақдим  карданд.    

Зимни  вохӯрӣ  нахуст  суханро  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  Раҷабзода  Маҳмадсаид   оғоз  намуда,  иброз  дошт,  ки  ҳадафи асосии ҲХДТ  дастгирии сокинон ва таъмини зиндагии осуда ба онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз  вакилон тасмим гирифтанд баҳри ҳифзу ҳимояи солимии ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд.    Сипас, мавсуф  дар бораи зироаткорӣ,  кишоварзӣ  дар  ҳар  ваҷаб  замин,  инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ҳамагонро ҷиҳати  татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  раҳнамоӣ намуд.  

Дар анҷоми суҳбат ба иштирокчиён  ниқоб,  либосҳои  махсуси  ҳимоявӣ  ва  варақаҳои иттилоотӣ вобаста  ба  пешгирии  бемории  сироятӣ  коронавирус  (COVID – 19)  ва  истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg