БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ ШАХСОНИ САХОВАТМАНД ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Темурмалик  дар  ҳамкорӣ  бо  яке  аз  узви  фаъоли  ҲХДТ,  роҳбари  ҶДММ  “Меҳри  Модар”  Қурбонов  Шерхон    ба  Беморхонаи  Кангурти  Ҷамоатҳои  деҳоти  Кангурт,  Қарақамиш  ва  дигар  ташкилоту  муассисаҳои  ноҳия,  ба  миқдори  1000  дона  ниқоб  ва  4 адад либосҳои  махсуси  ҳимоявиро  ройгон  кумак  намуданд.     

Зимни  супоридани кумаки навбатӣ раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  Раҷабзода  Маҳмадсаид  иброз  дошт,  ки  иқдомҳои нек аз ҷониби  Қурбонов  Шерхон  дар ҷомеа  пайваста роҳандозӣ гардида, барои рушду ободии Ватан ва ҳифзи солимии  ҷомеа   кумаку дастгириҳои хешро дареғ намедорад.

Аз дастгириҳои  марди саховатманд  Қурбонов Шерхон сокинон руҳбаланд гардида, миннатдории худро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. Дар охир  барои маълумоти бештар пайдо кардан аз бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳо ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас  карда шуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg