МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмониро баргузор карда, ба иштирокчиён ба воситаи ихтиёриёни назди намояндагии ТҶҶ “Cозандагони Ватан» ба миқдори 40 дона ниқоб доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Ҳайдарзода Рамазон ва мутахассиси Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иштирок дошта, доир ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуданд.