БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАҲАЛ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳр бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ва оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб замин бо усули “хона ба хона” бо истиқоматкунандагон доир гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар низ иштирок дошта,  вобаста ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи дурусти қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон (Президентӣ) ва деҳқонӣ бо мақсади таъмини ҳар як оила бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва тозагии шахсиро таъкид намуд.
Аҳолии деҳаи мазкур бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ба коркарди байни қаторҳои растаниҳои кошташуда ва кишту кори баҳории зироатҳои полезӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид камари химмат бастанд. Сипас, ба ҳар як сокини деҳа варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дастрас карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg